Оғози содироти барқ аз Узбакистон ба Афғонистон
(last modified Fri, 31 Dec 2021 15:03:03 GMT )
Декабр 31, 2021 20:03 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти барқ аз Узбакистон ба Афғонистон

Узбакистон содироти барқ ба Афғонистонро ба таври комил аз сар гирифт.

Ба гузориши «Форс», пас аз коҳиши 50 дарсадии интиқоли барқ аз Узбакистон ба Афғонистон ба иллати таъмирот дар яке аз хутути интиқол, содироти барқ аз сар гирифта шуд.

Ҳарчанд расонаҳои афғонистонӣ эълом карданд, ки тавони хати интиқоли барқ аз Узбакистон ба Афғонистон 50 дарсад коҳиш ёфта ва дар пайи он дар 15 вилояту шаҳри Кобул вақфаҳое дар интиқоли барқ вуҷуд дорад, аммо бар асоси гузориши бахши матбуотии Вазорати энержии Узбакистон, иллати коҳиши 50 дарсадии содирот таъмироти яке аз хутути интиқолии барқ ба зарфияти 220 киловатт будааст.

Ҳамкориҳои Узбакистон ва Афғонистон дар заминаи таъмини энержӣ бо аҳдофи барқарории сулҳ дар Афғонистон аст.

Бар асоси тафоҳумномаи мақомоти ду кишвар, Узбакистон бояд дар сол 2 миллиарду 200 миллион киловатт соат барқ ба Афғонистон содир кунад.