Январ 02, 2022 19:01 Asia/Dushanbe
  • Як миллиард доллар гардиши молии тиҷоратӣ байни Русия ва Туркманистон

Коршиноси иқтисодӣ бо ишора ба тарози тиҷоратӣ байни Туркманистон ва Русия ба маблағи 270 миллион доллар ва гардиши тиҷоратии ҳудудуи як миллиард доллар ҳамкори байни ду кишварро пуё донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Юри Урински, иқтисоддон, раиси иттиҳодияи иқтисоддонони Туркманистон, намояндаи шӯрои ҳамкории Иттиҳодияи байналмилалии иқтисоддонон ва ҳамчунин коршиноси иқтисодӣ, пешрафти равобити Туркманистон ва Русияро арзёби ва таҳлил кард.

  • Ин таҳлилгар гуфт: Ба таври куллӣ афзоиши ҳамкории байни кишварҳо бо тавофуқномаҳое, ки дар ҳавзаҳои мухталиф таъомулро пушиш медиҳад ангезадиҳанда аст. Ин тавофуқот ба лутфи дидорҳои барҷастаи сарони давлат-Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Владимир Путин тавсеа ёфтааст.
  • Урунски бо ишора ба тарози тиҷоратӣ байни Туркманистон ва Русия ба маблағи 270 миллион доллар онро мусбат арзёбӣ ва изҳор кард, гардиши тиҷоратӣ ҳудуди як миллиард доллар аст.
  • Ин нозири иқтисодӣ ба афзоиши арзаи маҳсулоти Туркманистон, анвоъи масолеҳи сохтмонӣ ба Русия ва афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳамлу нақли мева ва сабзиҷот ишора кард.
  • Вай изҳор дошт: Танҳо дар 8 моҳи соли 2021 беш аз 32 ҳазор тонна помидори гулхонаӣ ба Федератсияи Русия ирсол шуда аст.

Ин таҳлилгар ҳамчунин ба тавофуқ бар сари роҳандозии маркази таъминотии Туркманистон дар минтақаи иқтисодии соҳилии Астрахан ишора кард.

 

Барчасп