Сохти мактаб барои тоҷикони вилояти Тошканд
(last modified Thu, 13 Jan 2022 06:36:03 GMT )
Январ 13, 2022 11:36 Asia/Dushanbe
  • Хайирони тоҷики муқими Ӯзбакистон дар Тошканд мактаб месозанд
    Хайирони тоҷики муқими Ӯзбакистон дар Тошканд мактаб месозанд

Хайирони тоҷик дар Тошканд мактаби тоҷикӣ месозанд.

Хайирони тоҷики муқими деҳаи Иштошуни ноҳияи Букаи вилояти Тошканд дар Узбакистон, ки зодагони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳастанд, сохти мактаб бо зарфияти 400 донишомӯзро оғоз карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ҳар сокини деҳа барои барои сохти ин мактаб, ки тадрис дарон ба забони тоҷикӣ хоҳад буд, 10 ҳазор сомонӣ (муодили 900 доллар) пардохт кард.

Ба ин манзур 3 миллион сомонӣ (муодили 266 ҳазор доллар ) ҷамъоварӣ шуд.

Коргарон ва меъморони довталаб низ ройгон дар ҳоли сохти мактаб ҳастанд.

Қарор аст ин мактаб, ки зодагони ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистони муқими Узбакистон онро сохта истодаанд, дар аввали сентябри соли 2022, яъне оғози соли таҳсилии нав дар Узбакистон баҳрабардорӣ шавад.