Январ 18, 2022 14:06 Asia/Dushanbe
  • Бозори доғи фурӯши гурдаи кӯдакон дар бархе аз вилоятҳои шимолии Афғонистон

Теъдоде аз хонаводаҳо дар Афғонистон, ки дар шаҳри Мазори Шариф сукунат ёфтанд ба далели фақр, мушкилоти иқтисодӣ гурдаи худашонро мефурӯшанд.

Шуморе аз хонаводаҳои овора аз вилоятҳои Сари Пул, Фориёб, Ҷузҷон ва Балх дар шимоли Афғонистон, ки акнӯн дар шаҳри Мазори Шариф ба сар мебаранд, мегӯянд, ба иллати набуд маводи ғизоӣ, фақр ва мушкилоти иқтисодӣ ва шуюи бемориҳои гуногун маҷбур шудаанд, ки кӯдакон ва гурдаҳои худашонро бифурӯшанд.

Ба ин ҳол, гуфта мешавад, ки бо миёнҷигарии олимони дин ва як бунёди хайрия аз ин кор то ҳудуде, ҷилавгирӣ шудааст.

Бархе аз ин оворагон мегӯянд, ду то ҳафт кӯдак доранд ва барои зинда мондани соири аъзои хонавода маҷбур ҳастанд, яке аз онҳоро бифурӯшанд.

Қиммати ҳар кӯдак аз 100 то 150 ҳазор афғонӣ ва нарх ҳар гурда 150 то 220 ҳазор афғонӣ таъйин шудааст.

 

Барчасп