Ширкати намояндагони 60 кишвар дар конфронси иқтисодии Афғонистон
(last modified Thu, 20 Jan 2022 08:06:55 GMT )
Январ 20, 2022 13:06 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони 60 кишвар дар конфронси иқтисодии Афғонистон

Намояндагони 60 кишвар дар конфронси иқтисодии Афғонистон ширкат мекунанд.

Муовини сухангӯи гуруҳи Толибон аз ҳузури намояндагони 60 кишвар дар конфронси иқтисодии имрӯзи ин гуруҳ дар Кобул хабар дод.

Анъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи гуруҳи Толибон дар Твитер дар бораи конфронси иқтисодии ин гуруҳ навишт: Намояндагони 20 кишвар барои ҳузур дар конфронси иқтисодӣ ба Афғонистон сафар ва намояндагони 40 кишвар низ ба сурати бархат (онлайн) дар ин конфронс ширкат карданд.

Ӯ дар идома навиштааст, дар ин конфронс масоили иқтисодии Афғонистон ва ба хусус чолишҳои бахшҳои хусусӣ ва масоили бонкӣ ба баҳс гирифта шуд, то роҳҳои муносиби ҳал барои рафъи дигар мушкилот пайдо шавад.

Конфронси иқтисодӣ чаҳоршанбеи 30 дай дар Афғонистон баргузор шуд.