Толибон: Расонаҳои ғарбӣ иҷозаи ифшои ҷиноёти ҷангии сарбозонашонро надоранд
Январ 21, 2022 19:57 Asia/Dushanbe
Муовини сухангӯи Толибон гуфт, расонаҳои ғарбӣ фикр мекунанд, ки озодии баён дар Афғонистон дар хатар аст.
Анъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи Толибон мегӯяд, ки расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз иҷозаи ифшои "асноди махфӣ" -ро надоранд.
Дар навиштаи твиттерии Самангонӣ омадааст: “Асноди маҳрам – иборат аст аз асноди ҷиноёти 20 солаи ҷангии неруҳояшон дар Афғонистон”.
Муовини сухангӯи Толибон таъкид дорад, ки онҳо агар аз ҷиноёти ҷангии сарбозонашон парда бардоранд, амнияти миллиашон дар хатар меуфтад.
Барчасп