Оғози фаъолияти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Кобул
(last modified Fri, 21 Jan 2022 15:36:29 GMT )
Январ 21, 2022 20:36 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Кобул

Вазорати хориҷаи Толибон аз бозкушоии намояндагии дипломатии Иттиҳоди Аврупо дар Кобул хабар дод.

Абдулқаҳҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон дар паёме навишт, ки пас аз нишастҳову тафоҳуми мақомҳои ин гуруҳ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо, ин иттиҳодия намояндагии дипломатии худро дар Кобул расман бозкушоӣ ва ба фаъолият оғоз кардааст.

Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки Аврупо бар иловаи кумаки башардӯстонаи 220 миллион евроӣ, 265 миллион еврои дигарро ҳам кумак карда, ки бахше аз он барои пардохти маоши омӯзгорон ихтисос дода шудааст.

Иттиҳоди Аврупо то кунун дар бораи бозкушоии намояндагии худ дар Кобул изҳори назаре накардааст.

Бо гузашти беш аз панҷ моҳ аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, то кунун ҳеҷ кишваре ин гуруҳро ба расмият нашинохтааст.