Январ 23, 2022 14:23 Asia/Dushanbe
  • Забеҳуллоҳ Муҷоҳид: ҷаҳон бояд бо давлати Толибон барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон ҳамкори кунад.
    Забеҳуллоҳ Муҷоҳид: ҷаҳон бояд бо давлати Толибон барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон ҳамкори кунад.

Сухангӯи давлати Толибон, ҳимояти кишварҳои ҷаҳонро барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон хостор шуд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар ҳошияи баргузории конфронси иқтисоди дар Кобул гуфт: Паёми ин конфронс,ки бо ҳузури ҳамсоягони Афғонистон ва Созмони Миллалӣ Муттаҳид баргузор шуд, ин аст,ки ҷаҳон бояд бо давлати Толибон барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон ҳамкори кунад.

Сухангӯи давлати Толибон аз кишварҳои ҷаҳон ба хусус кишварҳои исломӣ хост бо давлати Толибон ба вижа дар арсаи иқтисодӣ ҳамкори кунанд ,то мушкилоти мардуми Афғонистон ҳалл шавад.

 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзӯд: Интисоли сиёсии афғонистон бо кишварҳои минтақаи барои Толибон муҳим буда ва интисоли иқтисодии минтақа низ дорои аҳамият аст, ки дар ин замина,толибон тарҳҳои муносибе дар дастури кор дорад.

Дархости сухангӯи Толибон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳамкори бо ин гурӯҳ бо ҳадафи ҳалли бӯҳронҳои фарорӯйи Толибон дар Афғонистон аст.

Толибон, ки 15 августи гузашта қудратро муҷаддадан дар Афғонистон дар ихтиёр гирифтааст, ба далели инзивои сиёсӣ дар арсаи байналмиллалӣ барои таъмини ниёзҳои мухталифи мардуми ин кишвар ба хусус ниёзҳои ғизоӣ ва доруӣ бо чолиш мувоҷеҳ аст.

Ҳамзамон бо тасаллути Толибон бар Афғонистон, давлати Амрико дороиҳои он кишвар дар назди бонкҳои худро масдуд кард, ва иловабарон дигар кишварҳои ғарбӣ низ бо фарохонии сафирони худ аз Афғонистон, кӯмакҳои молии худ ба ин кишварро мутавақиф карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба он,ки беш аз 70 дарсади будҷаи Афғонистон ба кӯмакҳои молии хориҷи муттаки аст, қатъи кӯмакҳои байналмиллалӣ ба ин кишвар бо қудратёбии муҷаддади Толибон муҷиб шуда то ин гурӯҳ натавонад дар 5 моҳи гузашта, ҳамонанди қабл колоҳои асосии маводи ғизоӣ ,дору ва сӯхтро мутаносиб бо ниёзи дохилӣ ворид кунад.

Ба ҳамин далел мардуми Афғонистон зимни мавоҷе бо камбуди шаддиди маводи ғизоӣ, дору ва сӯхт, бо афзоиши чашмгири ин колоҳо мавоҷеҳ шуданд ,ки ин масъала зиндагии мардуми ин кишварро башиддад душвор кардааст.

Тадовуми ин шароит мувҷиб шуда, то ниҳодҳои мухталифи байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллал дар бораи гурӯснагӣ ва қаҳтии миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон ба хусус занон кӯдакон ҳушдор диҳанд.

Давид Беаслей аз мақомоти барномаи ҷаҳонии ғизо мегуяд, наздик ба нисфи ҷамъияти Афғонистон бо бӯҳрони гурӯснагии шаддид рӯбарӯ ҳастанд. Мардуми Афғонистон ба кӯмакҳои фаврии башардӯстона ниёз доранд ва агар ин кӯмакҳо анҷом нашавад ин кишвар ба як бӯҳрони бузӯрги башари табдил хоҳад шуд.

Ҳамзамонии камбуди шаддиди маводи ғизоӣ ва доруӣ бо фасли бурудат ва сармо дар Афғонистон мувҷиб шуда то шароити сахти иқтисодии бештар барои шаҳрвандони ин кишвари малмус бошад ва ба ҳамин далел дар рӯзҳои ахир бархе ниҳодҳои маданӣ дар Афғонистон хостори кӯмаки фаврӣ ва густардаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар шудаанд.

Исрори Толибон  ба равияи қаблии худ дар ҳукуматдори бо такияи бар як андешаи хос ва адами ироъаи барномае барои чигӯнаги мушорикат додани ҳамаи ақвом дар Афғонистон дар арсаи қудрат мувҷиб шуда то ҷомеъаи ҷаҳонӣ аҷалае барои таҷдиди назар дар тасмими худ барои адами шиносоии расмии ҳокимияти Толибон дар ин кишвар надошта бошанд.

Ин гумон дар кишварҳои ғарбӣ вуҷуд дорад ,ки ҳаргӯна кӯмак ба Афғонистон,ки мувҷиби коҳиши чолишҳои Толибон барои аъмоли ҳокимиятӣ ин гурӯҳ шавад, мумкин аст асли демокроти ва ҷумҳуриятро беш аз шароити феълӣ ба инзево бикашонад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп