Январ 28, 2022 20:29 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазорати дифои Русия аз тақвияти пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯ, Вазорати дифои Русия аз ироаи таҷҳизоти нав ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Бар асоси гузориши Вазорати дифои Русия, пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар хоки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 70 воҳид таҷҳизоти низомӣ дарёфт хоҳанд кард.

Пойгоҳҳои низомии муштараки Русия (Кант) бахше аз неруҳои истиқрори зудамали СПАД аст ва дар тазмини амнияти ҳарими ҳавоии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мушорикат дорад.

Ин пойгоҳ муҷаҳҳаз ба ҳавопаймоҳои таҳоҷумии СУ – 25 ва чархболҳои Mi – 8 аст.

Гуфтанист, пойгоҳи низомии 201 Русия, мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар аст ва дар ду шаҳри Душанбе ва Бохтар воқеъ шудааст.

Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон шомили дастаи моторӣ, танк, тӯпхона, воҳидҳои шиносоӣ, воҳидҳои падофанди ҳавоӣ, ҳифозати падофанди ҳавоӣ ва воҳидҳои иртиботӣ аст.

 

 

 

 

Барчасп