Касби унвони ноиб-қаҳрамонии тими роботики духтарони Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i80566-Касби_унвони_ноиб_қаҳрамонии_тими_роботики_духтарони_Афғонистон
Тими роботики духтарони Афғонистон дар рақобати ҷаҳонӣ дувум шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 30, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Касби унвони ноиб-қаҳрамонии тими роботики духтарони Афғонистон

Тими роботики духтарони Афғонистон дар рақобати ҷаҳонӣ дувум шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими духтарони роботики Афғонистон дар рақобатҳои ҷаҳонӣ « PCB The Change » аз миёни 88 кишвари ҷаҳон мақоми дувумро касб кард .
Ин мусобиқа ба сурати бархат(онлайн) аз ду моҳ қабл оғоз шуда буд, ки пас аз баррасӣ  натиҷаҳои он эълом шуд .

Самия Форуқӣ, капитани тими роботики Афғонистон мегуяд онон бо сохти сомонаи трафикии ҳушманд ва намоиши он дар мусобиқаи ҷаҳонӣ тавонистаанд ба ин мақом бирасанд .
Ба гуфтаи Форуқӣ сомонаи ҳушманди трафикӣ метавонад илова бар контроли трафик(ҳаракати нақлиёт) тахаллуфоти трафикиро ба сурати ҳушманд сабт ва ба системаи марказӣ интиқол диҳад .