Фақр дар Афғонистон
Бисёре аз хонаводаҳои Афғонистон ба далели фақр маҷбур мешаванд, то фарзандонашонро бифурӯшанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, иқтисоди ба шиддат ниёзманди кумаки Афғонистон, ки ба далели рӯйи кор омадани дубораи Толибон дар 15 августи соли гузашта ва дар миёнаи хурӯҷи беназми неруҳои Амрикоӣ ва хориҷӣ гирифтори шок ва зарар шуд, ҳолои ҳам ба далели банд будани дороиҳои давлат дар хориҷ аз кишвар ва таваққуфи кумакрасонӣ ва манобеи молӣ дар остонаи фурӯпошии комил аст .
Ин масъала боис шудааст, то бисёре аз хонаводаҳо дар Афғонистон барои таҳияи ғизои рӯзона ва намурдан аз гуруснагӣ фарзандони худро бифурӯшанд .
Кормандони давлат моҳҳост, ки маош дарёфт накардаанд, гуруснагӣ афродро таҳдид мекунад ва гуруҳҳои имдодӣ мегӯянд ки беш аз ниме аз ҷамъият бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд .