Январ 31, 2022 20:03 Asia/Dushanbe
  • Волии Самангон: Ҳеҷкас дар Афғонистон ҳаққи бе эҳтиромӣ ба шиаён надорад

Волии Толибон дар Самангон бо таъкид бар тақвияти ҳамбастагии дар Афғонистон гуфт: Ҳеҷкас ҳаққи беэҳтиромӣ ба шиаёнро надорад.

Абдураҳмон Қундузӣ дар нишаст бо бузургони шиъаи ин вилоят гуфт: Равобит ва ҳамоҳангӣ миёни миллат ва давлат дорои аҳмият аст ва мардум бояд иттиҳод ва ваҳдати худро ҳифз кунанд.

Вай бо изҳори ин ки Афғонистон хонаи муштараки ҳамаи мардуми ин кишвар аст, афзуд: Дар назди Толибон қавмият, нажод ва мазҳаб матраҳ нест, балки ҳамаи афғонҳо бародари ҳам ҳастем.

Қундузӣ бо таъкид бар ҳамбастагӣ ва иттиҳод гуфт: Ман аз шиаён ва бузургони аҳли суннати вилояти Самнгон мехоҳам то ҳамбастагиро тақвият кунанд.

  • Волии Самангон бо изоҳори ин ки нақши бузургони қавмӣ, олимонӣ дини ва мардум дар ҳимоят ва тақвияти низоми исломӣ муассир аст, афзуд: Ман аз мардуми вилояти Самангон мехоҳам то дар канори ҳукумат ва низоми иморати исломӣ истода ва ҳузур дошта бошанд.
  • Вай ҳамчунин таъкид кард: Шиаён бахше аз Афғонистон ҳастанд ва ҳеҷкас ҳаққи бе эҳтироми ё тавҳин ба онҳоро надорад ва мо ҳам аз шиъаён мехоҳем то аз низоми исломӣ ҳимоят кунанд.

Бар асоси ин гузориш, теъдоде аз бузургони шиаи вилояти Самангон низ хитоб ба Воли Толибон гуфтанд: Танҳо роҳи хуруҷ аз мушкилоти мавҷуд ҳамоҳангӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории мардум бо давлат ва давлат бо мардум аст ва шиъаёни Самангон тибқи манофеъи мардум дар канори Иморати исломӣ ҳузур хоҳанд дошт.

 

Барчасп