Гуруснагӣ, хунукӣ ва беморӣ таҳдиде барои кӯдакони Афғонистон
Камбуди сӯхт дар фасли хунукӣ ва гуруснагӣ дар канори камбудҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ, сарнавиши маргбореро барои кӯдакони Афғонистон рақам зада аст.
Ба гузориши ИРНА, Сандуқи ҳимоят аз кудакони Созмони миллал (ЮНИСЕФ) рӯзи якшанбе дар гузорише эълом кард: Бисёре аз кӯдакони Афғонистон бо мушкили сахти танаффусӣ ру ба ру шуданд, ки ниёзманди муроқибати фаврӣ ҳастанд.
Дар ин гузориш бо ишора ба мушкилоти иқтисодӣ ва фақри беш аз 95 дарсади аз мардуми Афғонистон изофа шуда аст. Мушкилоти молӣ бузургтарин монеъ барои дармони беморон ба вижа кӯдакон маҳсуб мешавад.
Дуктур Содотӣ яке аз пизишкон бо ишора ба афзоиши шумори кудакони мубтало ба бемории танафуссӣ гуфт: Теъдоди муроҷиъа кунанда ба дармонгоҳҳо дар моҳҳои ахир беш аз се баробар шуда аст. Вай изҳор дошт ҳама рӯза садҳо кӯдак мунтазиранд пизишкон онҳоро муоина кунанд.
Ӯ таъкид кард набуди ғизо, маводи сухт ва бемории танаффусӣ сарнавишти маргбореро барои кӯдакони афғон рақам зада аст.