Вокуниши Толибон ба даргирии марзӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон
Феврал 01, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
Вазорати хориҷаи Толибон дар вокуниш ба даргирии марзӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ду тараф хост то мушкилотро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдулқоҳори Балхӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Толибон даргирии марзӣ миёни неруҳои қирғизистонӣ ва тоҷикистонӣ ва талафоти ношии онро мояи таасуф хонд ва бар ҳалли мукилоти ду тараф аз тариқи гуфтугӯ таъкид кард.
- Балхӣ изоҳр кард: Толибон равобити дустонаи миёни тамоми кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад, мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем то барои мушкилот аз тариқи гуфтугӯ ба роҳ ҳал бирасанд.
- Толибон чанди қабл низ дар вокуниш ба муноқишоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар баёнияе навиш: Аз ҳарду кишвар исломӣ ва бародар мехоҳад ки талош кунед мушкилоти худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед.
- Дар баёния изофа карда буд: Мо пеш аз ҳама таҷрубаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб бештар аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тафоҳум мутаҳамил мешаванд.
Барчасп