Дархости парлумони Қирғизистон аз ҳамтоёни тоҷик барои сулҳу суботи марзӣ
Намояндагони парлумони Қирғизистон бо ирсоли дархосте, аз ҳамтоёни тоҷики худ хостанд дар ҳаллу фасл ва суръат бахшидан дар раванди таъини марзҳои давлатӣ мушорикат кунанд
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи ҳодисаҳои ахир дар марзӣ Қирғизистон бо Тоҷикистон, намояндагони қирғизӣ нишасти фавқулодда баргузор карданд, ки ҳосили он ирсоли дархост ба Тоҷикистон шуд.
Дар бахше аз ин баёния омада аст: Набояд даргирӣ дар марзҳо бо хисоратҳои ҷонӣ вуҷуд дошта бошад.
Парлумони Қирғизистон иқдомоти ниҳодҳои давлатиро бо ҳадафи тасбити вазъият ва пешгирӣ аз даргирӣ дар марзи ду кишвар ташвиқ мекунад.
Дар ин фарохон омада аст Қирғизистон бар асоси тавофуқоти байналмиллалӣ ва дуҷониба ба дунболи эҷоди равобити дустона бо Тоҷикистон ва ҳамчунин такмили ҳудуд ва таъини марзӣ давлатӣ бо Тоҷикистон аст.
Дар ин матни баёния ҳамчунин зикр шуда аст: Мо аз шумо мехоҳем, ки дарки мутақобил ва дӯстиро тақвият ва аз даргириҳо пешгирӣ ва истифоа аз зӯр худдори кунед, ҳамаи ихтилофотро ба сурати мусолиатомез ҳал кунем ва ҳамчунин хостори эҳтиром ба ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҳуқуқи башар, субот ва сулҳ дар манотиқи марзии давлатӣ ҳастем.
27 январ дар марзӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон даргириҳои мусаллаҳона эҷод шуд, ки боиси хисорати ҷонии ду тараф шуда аст.