Ноябр 18, 2016 17:10 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Эрдуғон ва Мирзиёев дар Самарқанд баргузор шуд

Раиси ҷумҳурии Туркия соате пеш дар шаҳри Самарқанд бо кафили раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон музокироти расмии худро ба поён расонд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “UzDaily”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар дидор бо Шавкат Мирзиёев, субот дар Ӯзбакистонро сутуд ва иртиқои сатҳи равобити Анкара-Тошкандро хостор шуд.

Кафили раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон низ дар ин дидор бо ишора ба ин ки Туркия аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Ӯзбакистонро ба расмият шинохт, равобит бо Анкараро барои Тошканд муҳим хонд.

Пеш аз ин дидор низ Эрдуғон дар аввалин барномаи сафарии худ ба Ӯзбакистон, бо ҳузур дар сари мазори Ислом Каримов, нахустин раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар замони истиқлол, дар шаҳри Самарқанд ба вай адои эҳтиром кард.

Эрдуғонро дар ин маросим Шавкат Мирзиёев, кафили раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон ҳамроҳӣ кард.

Бар асоси ин гузориш, раиси ҷумҳурии Туркия зимни ибрози таслияти дубора ба миллату давлати Ӯзбакистон дар робита ба марги Ислом Каримов, аз ин ки ба далели ҳузур дар иҷлоси Гурӯҳи 20 дар Чин натавониста буд дар маросими хоксупории Каримов ширкат кунад, узрхоҳӣ кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия шомгоҳи панҷшанбе вориди шаҳри Самарқанд шуд.

Ин нахустин сафари раиси ҷумҳурии Туркия ба Ӯзбакистон пас аз 13 сол аст.

Дар даврони ҳукумати Ислом Каримов равобити ду кишвар ба сардӣ гароида буд.

 

Барчасп