Дафтари НАТО дар Тошканди Ӯзбакистон таътил мешавад
Раиси дафтари НАТО дар Тошканд аз баста шудани ин марказ дар Ӯзбакистон ба сабаби камбуди буҷаи молӣ хабар дод.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории “Форс”, Розари Пулизи, раиси дафтари НАТО дар Узбакистон далели аслии таътили дафтари Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар ин кишварро таҷдиди назар дар фаъолияти он ва коҳиши буҷаи соли 2017-и мелодӣ донист.
Ин мақоми НАТО дар айни ҳол гуфт, фаъолияти Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ дар Осиёи Марказӣ идома хоҳад дошт ва Осиёи Марказӣ ҳамчунон дар авлавияти рӯйкарди минтақаии ин созмон қарор дорад.
Пулизи таъкид кард, раисони кишварҳои узви НАТО дар нишасти моҳи июли имсол дар Варшаваи Полша таъкид карданд, ки Афғонистонро танҳо нахоҳанд гузошт ва ин созмон ҳамвора дар заминаҳои сиёсӣ, низомӣ ва молӣ аз Кобул ҳимоят хоҳад кард.
Намояндагии минтақаии НАТО дар Осиёи Марказӣ дар Тошканд дар моҳи майи соли 2014-и мелодӣ ифтитоҳ шуд.
Дафтари НАТО дар Тошканд дар заминаи ҳамоҳангии равобити ин созмон бо кишварҳои минтақа фаъолият дорад.