Феврал 14, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
  • Сафари сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон ба Қатар

Сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон роҳии Қатар шуд.

Вазорати хориҷаи Толибон эълом кард, ин ҳайат муташаккил аз вазирон ва теъдоде аз мудирони вазоратхонаҳои мухталиф аст.

Қарор аст ин ҳайат бо намояндагони кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва уламои динӣ дидор кунанд.

Ҳамчунин ҳайати Толибон дар Қатар бо намояндагиҳои дипломатие, ки ба ҷои Кобул дар Қатар фаъолият мекунанд низ нишастҳои муштарак хоҳанд дошт.

Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, сафоратхонаҳои худро аз Кобул ба Доҳа интиқол доданд.

 

Барчасп