Феврал 20, 2022 13:38 Asia/Dushanbe
  • Муасисаи англисӣ: Нерӯҳои мусаллаҳи Русия  нисбат ба даврони ҷанги сард,бештар аз қудрати ҷангӣ бархурдор шудаанд
    Муасисаи англисӣ: Нерӯҳои мусаллаҳи Русия нисбат ба даврони ҷанги сард,бештар аз қудрати ҷангӣ бархурдор шудаанд

Яке аз натоиҷи паёмадҳои эътирозии мардуми Қазоқистон дар моҳи январи соли ҷории мелодӣ, наздик шудани ҳар чӣ бештари бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ ба Русия будааст.

Давлати Русия пас аз ифои нақши ҳасос барои муқобила бо эътирозҳои мардумӣ ва шиносоии авомили хориҷӣ ва ифротӣ вобаста ба ҷараёниҳои бегона ,тавонист ҳузури иқтисодӣ ва сиёсӣ ва ҳатто низомии худро дар Қазоқистон ба мизони чашмгири тақвият кунад. Дар ин миён тардиде нест,ки ҳамкориҳои низомӣ ва дифоъии Қазоқистон бо Русия аз аҳамияти вижае бархурдор аст.

Дар як нигоҳи кулли ба шароити ду кишвари ҳамсоя бояд гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон ва Русия аз лиҳози сохтори артиши, таҷҳизот, дараҷаҳои низомӣ ва дигар ҷанбаҳо бо якдигар шабоҳат ва тафовутҳои қобили мулоҳизае доранд.

Дар ин гузориш, муасисаи англисӣ, натиҷа гирифтааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҳоли ҳозир нисбат ба даврони ҷанг бархурдор шудаанд, дар ҳамин иртибот, коршиносони низомӣ таъкид доранд, ки пас аз анҷоми сармоягузори ва истилоҳоти низомӣ дар тӯли як даҳаи ахир, ташакулҳои Русия дар муқоиса бо даврони гузашта ба таври қобили мулоҳизаӣ бозсозӣ шудаанд.

Дар ин шароит, ба ин ҳақиқат метавон изъон кард,ки нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон аз даҳаи 1990 милодӣ бо кишварҳои номгузори шуда ба Эътилофи НАТО аз наздик ҳамкори мекунанд. Ҳамакнун таҷҳизоти низомии Қазоқистон аз ҷумла ҳавопаймоҳо ва болгардҳои ин кишвар куҳна шудаанд ва бояд таъвиз шаванд.

Сохтори омӯзишӣ низомии Қазоқистон ва Русия ба омӯзишӣ низомиёни кулияи  синфҳои  артиш,  дифоъи зидди ҳавоӣ ва дигар маворид, шабеҳи як дигар аст. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Қазоқистон ҳамчунин аз лиҳози омодагии ҷангӣ низ шабоҳатҳои зиёде бо ҳам доранд.

То пеш аз эътирозҳои моҳи январ дар Қазоқистон миёни Русия ва кишварҳои НАТО дар заминаи эҷоди таъодул ифои нақш мекард.Аммо чунин ба назар мерасад ,ки ин фурсат аз мақомҳои Қазоқистон гирифта шудааст. Дар айни ҳол ин воқеъиятро набояд нодида гирифт, ки то пеш аз эътирозҳои дуҷонибаи Қазоқистон бо Туркия низ қобили таваҷҷуҳ буд. Бо таваҷҷуҳ ба талошҳои мақомҳои Анкара барои эҷоди он чӣ ки "Турони бузург" мехонанад, мақомҳои давлати Нурсултон ба ҳамкории низомӣ бо Туркия ва Созмони паймони Атлантики шимолӣ НАТО бештар аз ҳамкори бо Русия тамоюл нишон медоданд. Ба ҳамимн далел эҷоди фосила миёни Қазоқистон ва Русия қобили тавҷҷеҳ буд.

Дар воқеъ, пеш аз ин мақомҳои Қазоқистон ба Русия сирфан ба унвони як кишвари содир кунандаи таҷҳизоти низомӣ нигоҳ мекарданд. Ин дар ҳоле аст,ки Қазоқистон ва Русия бо ҳафт ҳазор килламетр марзи муштарак, яке аз тулонитарин марзҳои заминиии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд. Ба ҳамин далел бояд гуфт, Қазоқистон барои Русия аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Бисёре аз коршиносон ва маҳофили сиёсӣ, мавзуъи ҳамкориҳои низомии Русия ва Қазоқистонро бо рӯйдодҳои моҳи январи соли ҷории мелодӣ пайванд зада ва мутақиданд, Русия фурсатҳои нуфӯзи Ғарб ва Туркияро аз Қазоқистон гирифтааст.

Ба унвони мисол, Шайх Урхон Муҳаммадов таҳлилгари ҷумҳурии Озарбойҷон дар гуфтугӯ бо барномаи "Очиқ Суз" радиои бурунмарзии Табрез,гуфтааст: Туркия дар воқеъ муҷрии тарҳи "Ричард Моор" раиси вақти Созмони ҷосусии Англис,ба манзури эҷоди "Туврони бузург" интихоб шуда буд ва Қазоқистон дар он тарҳ нақши муҳиме бар уҳда доштааст. Ба ҳамин манзур Туркия бо ҳимоятҳои Ғарб дар Қазоқистон соҳиб нуфӯз шуд. Дар ҳамин тарҳ шахси Нурсултон Назарбоев раисиҷумҳури собиқи  Қазоқистон, нуфӯзи Туркия дар бузургтарин кишвари Осиёи Марказиро фароҳам мекард. Бадеҳи аст, ки тамоми ин рӯйдодҳо заминаҳои норизоятии мақомҳои Кремлин аз давлатҳои ҳоким бар Қазоқистонро фароҳам кард бинобарин Русия ба самти Токаев мутамоил ва Назарбоев аз ҳокимият маҳрум шуд ва ба шӯрои амнияти миллии Қазоқистон бурда шуда буд ва Токаев дар раси қудрат дар Қазоқистон қарор гирифт то манофеъи Русияро таъмин ва тазмин намояд".

Дар ҳақиқат, коршиносон ва маҳофили сиёсии минтақа фосила гирифтани Қазоқистон аз Русияро далели аслии барӯзи эътирозҳои моҳи январи Қазоқистон ва айфзоиши нуфӯзи Русия дар ин кишвар медонанд. Дар ростои ҳамкориҳои низомии Нурсултон ва Маскав маҷлиси Санои Қазоқистон дар як нишасти умумӣ, лоиҳаи тавофуқномаи ҳамкории низомии ин кишвар ва Русияро тасвиб кардааст.

Ин тавофуқнома дар рӯзи 16 моҳи Октябри соли 2020 мелодӣ дар Нурсултон ба унвони тавофуқномаи мушобеҳи Қазоқистон ва Русия имзо шуд дар рӯзи 28 марти соли 1994 мелодӣ маҳсуб мешавад ва барои Русия аз аҳамияти зиёде бархурдор будааст. Дар воқеъ, ин санад ба навъи муҳтавои тавофуқномаи 1994 ҳамкориҳои низомии Қазоқистон ва Русияро барӯзрасони кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп