Феврал 22, 2022 11:28 Asia/Dushanbe
  • Толибон дар Қандаҳор монеъи фаъолияти хабарнигорони озод мешавад

Маркази хабарнигорони Афғонистон, мамониати пушиши хабарии қатли як зан ба дасти нерӯҳои Толибон дар Қандаҳорро нишонае ҷиддӣ аз эъмоли маҳдӯдият бар расонаҳои озод донист.

Ин марказ бо нашри эъломияе эълом кард, Идораи маҳаллии ҳукӯмати сарпарасти Толибон дар Қандаҳор, монеъи фаъолияти хабарнигорони озод мешавад.

Ба нақл аз эъломия, шуморе аз хабарнигорон дар Қандаҳор мегӯянд, ки аз сӯи нерӯҳои Толибон таҳдид шудаанд, ки дар сӯрати таҳияи гузориш дар мавриди қатли як зан ва эътироз ба ин ҳодиса, бо « оқибати баде мувоҷеҳ хоҳанд шуд».

Ин зан ду рӯз пеш дар як исти бозрасии Толибон дар шаҳри Қандаҳор бо шиллики гулӯла кушта шудааст.

Гуфта шудааст, яке аз бастагони наздики мақтӯл низ дар ин тирандозӣ, захмӣ шуд.

Шуморе аз наздикони ин зан бо интиқоли ҷасад ӯ дар муқобили дафтари волии Қандаҳор, хостори иҷрои адолат шуданд.

Аммо ба гуфтаи Маркази хабарнигорон, Толибон монеъи пӯшиши хабарии ин эътироз шудаанд.

Гуфта шудааст, ки ду хабранигори муътарз ҳам боздошт ва таҷҳизоти расонаӣ яке аз онон забт шудааст.

Маркази хабарнигорони Афғонистон бо маҳкӯм кардани ин иқдоми Толибон аз Ҳукумати сарпарасти ин гурӯҳ хостааст, ки бо равшан сохтани мавзеи худ дар қиболи афзоиши рӯзафзӯни маҳдӯдият алайҳи хабарнигорон, тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳимоят аз озодии баён ва расонаҳои озодро дар амал собит созад.

Бар асоси амори Маркази хабарнигорони Афғонистон, дар ду даҳаи ахир (қабл аз суқӯти Кобул) 200 шабакаи радиоӣ ва ҳудӯди 100 шабакаи телевизионӣ ва даҳҳо нашрия дар кишвар ахбор ва рӯйдодҳои Афғонистонро пӯшиш медоданд, аммо пас аз таҳаввулоти ахир, беш аз ниме аз расонаҳо таътил шуданд ва ҳудӯди 30 дарсади дигар низ дар остонаи таътилӣ ҳастанд.

 

Барчасп