Расонаи шудани чеҳраи сарпарасти Вазорати дохилаи Толибон
Март 05, 2022 18:55 Asia/Dushanbe
Барои аввалин бор чеҳраи сарпарасти Вазорати дохилаи Толибон расонаӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Ҳақонӣ дар маросими фориғутаҳсилии донишгоҳи полис дар Кобул ҳузур ёфт.
Холид Задрон сухангӯи фармондеҳи полиси Толибон дар Кобул аксе аз Ҳаққонӣ мунташир карда аст.
Толибон дар гузашта тасвирҳои Ҳаққониро пахш кард. Ӯ дар мусоҳибае, ки чанди пеш бо Алҷазира дошт, низ тасвираш мушоҳида шуда буд.
Сироҷиддини Ҳаққонӣ дар феҳрасти террористии полиси Федероли Амрико (FBI) қарор дорад.
Амрико барои боздошти ӯ панҷ миллион доллар таъин карда буд аммо ин маблағ пас аз он ки Ҳаққонӣ сарпарасти Вазорати дохилаи Толибон шуд, ба ду баробар афзоиш ёфт.
Барчасп