Март 06, 2022 13:44 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон бо ҳамтои аморотӣ дар Абузабӣ

Вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон дар сафар ба Аморот бо мақомоти ин кишвар дидор ва дар бораи тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Руслан Қаззоқбоев-вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон дар сафар ба Аморот бо мақомоти ин кишвар дидор ва дар бораи тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард.

Қаззоқбоев дар сафар ба Абузабӣ бо шайх Абдуллоҳ бин Зоид оли Наҳён-вазири умӯри хориҷа ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва ҳамчунин бо Аҳмадалӣ оли Соиқ-вазири давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмиллалии Аморот дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба ва афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни кишварҳо гуфтугӯ кард .
Қаззоқбоев дар ин дидор ба аҳамияти эҷоди фаврии сандӯқи сармоягузории Қирғизистон - Аморот ба манзури ҳимояту иҷрои пружаҳо дар заминаҳои гардишгарӣ, кишоварзӣ, энержӣ, қарзи маскан, сохти маскани арзонқимат барои мардуми Қирғизистон ишора кард .
Тарафҳо бар зарурати тавсеъаи бештари ҳамлу нақли ҳавоии мусофирбарӣ ва борбарӣ ишора карданд .
Вазири хориҷаи Қирғизистон пешниҳод кард талошҳои муштарак бар тавсеъаи пружаҳова ва пружаҳои иқтисоди " сабз " дар заминаи ҳифозат аз муҳити зист ва обу ҳаво мутамарказ шавад .

Дар ин дидор имкони дар назар гирифтани равиши бидуни раводид барои шаҳрвандони қирғизистони  машғули кор дар Аморот мавриди баҳс қарор гирифт ва тарафи Қирғизистон хостори эҷоди шароити кории матлубтар шуд .
Ҳамчунин имкони ифтитоҳи марокизи фарҳангии араб, донишгоҳҳои муштарак, мактабҳои қирғизистонӣ – аморотӣ ва мактабҳои касбӣ дар Қирғизистон баррасӣ шуд .

 

Барчасп