Апрел 05, 2022 12:09 Asia/Dushanbe
  • Пазириши дипломатҳои Толибон дар Чин

Чин дипломатҳои Толибон барои сафорати Афғонистонро пазируфтааст.

Вазири хориҷаи Толибон хабар дод, Чин дипломатҳои ҷадиди ҳукӯмати Афғонистонро дар Пекин пазируфтааст.

Амирхон Муттақӣ изҳор кард, пешрафтҳои зиёде дар равобити Толибон бо Чин ба вуҷӯд омадааст.

Вай афзуд, дипломатҳои Толибон дар Пекин барои ҳузур дар сафорати Афғонистон пазируфта шудаанд.

Вазири хориҷаи Толибон афзуд, ки аз Чин бобати пазириши дипломатҳои ҷадид барои сафорати Афғонистон дар Пекин қадрдонӣ мекунем.

Муттақӣ бо ишора ба равобит бо Чин гуфт, ки муҳайё шудани заминаи содироти маҳсӯлоти Афғонистон ба Чин, баргузории нишастҳое ҳамчун нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва низ пазируфта шудани дипломатҳои ҷадид, нишонаи ҳусни нияти кишвари Чин аст.

Вазири хориҷаи Толибон гуфт: "Мо ДИИШ-ро кантрол кардему ва бо омадани мо ДИИШ натавонистааст ҳамлае анҷом диҳад, мо сарҳаддотро кантрол кардаем".

 

Барчасп