Эъломи сиёсатҳои Толибон дар қиболи масоили марзӣ бо Эрон
(last modified Wed, 27 Apr 2022 05:27:02 GMT )
Апрел 27, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Эъломи сиёсатҳои Толибон дар қиболи масоили марзӣ бо Эрон

Раиси аркони қувои мусаллаҳ ва сарпарасти ҳайати раҳбарии Толибон дар дидор бо муовини Сафорати Эрон сиёсатҳои ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар қиболи масоили марзӣ бо Эронро эълом кард.

Сайидҳасани Муртазавӣ, муовини Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кобул бо мавлавӣ Шибир Аҳмад, раиси аркони қувои мусаллаҳ ва сарпарасти ҳайати раҳбарии Толибон дар сомондеҳии умури марзӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Шибир Аҳмад бо ишора ба фазои ҳамкорӣ миёни ду давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳокимаи сарпарасти Афғонистон, дар мавриди ҳаллу фасли бархе сӯитафоҳумҳои марзӣ изҳор дошт: Бино бар дастури ҳайати раҳбарии Толибон, ҳайате чаҳорнафара аз мақомоти низомӣ ва дифоии Афғонистон ташкил шуда то бо музокира ва гуфтугӯ бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон шароити ҳамкориҳои марзӣ миёни ду кишварро тасҳил кунад.

Вай ҳамчунин гуфт, сиёсати бузургони мо дар қиболи кишварҳои ҳамсоя, ба вижа Ҷумҳурии исломии Эрон, ки мизбони миллионҳо шаҳрванди афғонистонӣ аст, ҷилавгирӣ аз ҳар гуна даргирӣ ва ҳаракат ба сӯи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи марзӣ аст.

Шибир Аҳмад дар мавриди ҳузури бархе неруҳои Толибон дар навоҳии марзӣ бо Эрон гуфт, бузургони ҳукумат, ба вижа вазири дифоъ дастур додаанд, ки ҳеҷ фарде иҷозаи бурузи кучактарин даргириро дар марзҳои ҷумҳурии исломӣ надоранд ва ороиши низомӣ дар марзи муштараки мамнуъ аст.

Вай дар идома, бо ишора ба бархе мушкилоти мавҷуд аз гузашта дар марзҳои муштараки ду кишвар афзуд, аз Ҷумҳурии исломии Эрон ин дархостро дорем то дар заминаҳои мухталифи амнияти марзӣ, аз ҷилавгирӣ аз қочоқи инсону маводи мухаддир то мубориза бо терроризм бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон ҳамкории ҳамаҷонибае дошта бошад.

Дар ду рӯзи гузашта ахборе мабнӣ бар ташкили ороиши низомӣ ва эҳтимоли бурузи даргирӣ дар марзҳои муштараки Эрону Афғонистон мунташир шуда буд, ки мақомоти ҳар ду кишвар ин мавзуъро рад ва таъкид карданд, ки ба дунболи ҳалли масоили мавҷуд аз тариқи гуфтугӯ ва музокира ҳастанд.