Ашраф Ғанӣ мушовири ҳукумати Толибон хоҳад шуд
Раиси пешини амнияти милии Афғонистон гуфт: Раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон эҳтимолан мушовири Толибон хоҳад шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Раҳматуллоҳ Набил дар саҳифаи Фейсбук навишт, Ҳишмат Ғанӣ, бародари Ашраф Ғанӣ дар Покистон бо масъулони Созмони иттилоотии низомии Покистон ( I S I) дидор кардааст.
- Набил гуфт: Ҳишмат Ғанӣ зимни интиқоли паёми хоси Ашраф Ғаннӣ ба тарафи покистонӣ, рӯи масъалаи бозгашти Ашраф Ғанӣ ба унвони мушовир дар ҳукумати Толибон ва таъсири вай дар ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон аз сӯи кишварҳои мухталиф ва раҳосозии пулҳои Бонки Марказӣ баҳс ва то ҳадде мувофиқат кардаанд.
Раҳматуллоҳ Набил раиси пешини амнияти миллии Афғонистон аз мунтақидони Ашраф Ғанӣ буд ӯ аз раёсати амнияти милли пешин низ ба иллати мухолифат бо сиёсатҳои Ашраф Ғанӣ истеъфо карданд.
Изҳороти Набил мабни бар бозгашти эҳтимолии Ашраф Ғанӣ ба кишвар дар ҳоле аст,ки пеш аз ин, Ҳишмат Ғанӣ бародари Ашраф Ғанӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки агар ҳузӯри оқои Ғанӣ дар Афғонистон муасир бошад ӯ хостори бозгашт ба кишвар аст.
Бештар бихонед: