Май 04, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Узбакистон ва Қирғизистон
    Дидори мақомоти Узбакистон ва Қирғизистон

Вазири сармоягузори ва тиҷорати хориҷии Узбакистон бо вазири иқтсод ва тиҷорати хориҷии Қирғизистон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сардор Умурзоқов ва Донён Омонгелдиев дар дидор дар шаҳри Тошканд роҳҳои таъмиқи беш аз пеши равобити ду кишвар бо таваҷуҳ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва манобеъи об ва ҳамчунин раванди пешбурди тавофуқоти ба даст омада ва дар чорчуби сафари ахири ҳайати Узбакистон ба Қирғизистонро барраси карданд.

Ҳарду тараф дар мавриди созмонидиҳии сафарҳои мутақобили вазоратхонаҳо ва идораҳои масъули ду кишвар барои танзими тарафҳои ҷадиди ҳамкории саноъати ва қарордодҳои тиҷорати тавофуқ карданд.

Ҳамчунин гомҳои баъди барои густариши ҳамкориҳои саноъатӣ байни тавлидкунандагони ду кишвар дар заминаҳои тавлиди таҷҳизоти кишоварзӣ ва мошин барраси шуд.

Иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаи ҳамлу нақл ва зерсохтҳо аз ҷумла тарҳи аҳдоси роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакситон аз дигар мабоҳиси матраҳшуда дар мулоқот буд.

Мубодилоти бозаргонии байни Узбакистон ва Қирғизистон дар соли 2021 ҳудуди 952 миллиону 600 ҳазор доллар буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон 57 ширкат бо мушорикати сармоягузорони қирғизистонӣ дар заминаҳои тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, тавлиди шириниҷотва пояфзол, хадамот дар заминаи тағзияи умумӣ, фаъолияти таблиғотӣ, хадамоти ҳамлу нақл фаъолият мекунанд.

 

Барчасп