Май 06, 2022 20:44 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти оянда дар бораи Сурия дар Қазоқистон

Намояндаи Русия дар умури Ғарби Осиё ва Африқо аз тавофуқоти аввалия барои баргузории нишасти оянда дар бораи Сурия дар Қазоқистон хабар дод.

Ба навиштаи пойгоҳи хабарии “Русия Алявм”, Михаил Богданов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ховари миёнаву Африқо дар бораи баргузории нишасти ояндаи Сурия дар чорчӯби сохтори нишасти Остона гуфт: Тавофуқи аввалия сурат гирифтаву авохири моҳи ҷории мелодӣ ин нишаст дар Қазоқистон баргузор мешавад.

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ховари миёнаву Африқо афзуд: Умедворем ҳама чиз тибқи барнома пеш биравад, дар ин хусус бо Эрон ва Туркияву ҳайатҳои давлати Сурия ва мухолифон низ суҳбат кардаем.

Нишасти байналмилалии гузашта дар бораи Сурия декабри 2021 мелодӣ дар Нурсултон - пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

 

Барчасп