Толибон тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер тавассути Ҷабҳаи муқовиматро рад кард
(last modified Sun, 08 May 2022 04:09:11 GMT )
Май 08, 2022 09:09 Asia/Dushanbe
  • Толибон тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер тавассути Ҷабҳаи муқовиматро рад кард

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба изҳороти сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар мавриди тасарруфи бахшҳое аз вилояти Панҷшер гуфт : Дар ин вилоят ҳеҷ « рӯйдоди низомӣ » рух надодааст .

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шаби гузашта дар Твиттер муддаӣ шуд : Тамоми манотиқи Абдуллоҳихайл ва Обшор дар вилояти Панҷшер ба ҷуз марокизи онҳо ба дасти неруҳои ин ҷабҳа афтода ва Толибон мутаҳаммили талафоти сангине шудаанд .
Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз манобеи Афғонистон, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид- сухангӯии Толибон дар вокуниш ба иддаои Ҷабҳаи муқовимат дар твитте навиштар Панҷшеру Тахор ҳазорон тан аз неруҳои ин гуруҳ ҳузур доранд ва « ба душман маҷоли таҳаррукоти манфӣ дода нахоҳад шуд » .
Муҷоҳид ҳар гуна пешравӣ аз сӯи аносири Ҷабҳаи муқовиматро беасос донист ва гуфт : Неруҳои Толибон контроли авзоъро дар ҳамаи манотиқи кишвар ба даст доранд.
Ин дар ҳоле аст Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи « Ҷабҳаи муқовимат » шаби гузашта дар твитте муддаӣ шуд : Тамоми манотиқи Абдуллоҳхайл ва Обшор ба ҷуз марокизи онҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтода ва марокизи ин вулусволиҳо низ дар муҳосира аст ва Толибон хостори таслим шудаанд .
Аҳмадӣ гуфт : Ин ҳамлаи « Ҷабҳаи муқовимат » замоне анҷом шуд, ки Толибон дар дараи Абдуллоҳхайл ва Обшор барои анҷоми бозрасиҳои хона ба хона дар ҳаракат буд . Ӯ иддао дорад ки дар ин ҳамалот 13 тан аз неруҳои Толибон кушта ва панҷ василаи зиреҳии онҳо нобуд шудааст .Аҳмадӣ дар идома муддаӣ шудааст, ки посгоҳи « Дуоб » дар Панҷшер низ тавассути неруҳои Ҷабҳаи муқовимат тасарруф шудааст . Ӯ эълом кард ки дар ин ҳамла 9 неруи Толибон кушта ва шаш нафари дигар асир шудаанд . Пештар ин ҷабҳа иддао карда буд, ки бахшҳое аз вилояти Тахорро низ тасарруф кардаанд . Дар авоили тасаллути Толибон дар Афғонистонабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд-фарзанди фармондиҳи фақиди даврони ҷиҳод Аҳмадшоҳи Масъуд дар вилояти Панҷшер таҳаррукотеро зидди Толибон оғоз кард, аммо дар ниҳоят Толибон бо тасарруфи ин вилоят султаи худро бар саросари Афғонистон густариш дод .