Май 14, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • 38 миллион доллар харҷи баргузории ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосӣ дар Қазоқистон
    38 миллион доллар харҷи баргузории ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосӣ дар Қазоқистон

Вазири дороӣ Қазоқистон эълом кард барои баргузории ҳамапурсии ислоҳи қоунуни асосӣ ҳудуди 16.5 миллиард танга ҳудуди 38 миллион доллар харҷ мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс бар асоси гузориши расонаҳои Қазоқистон, муҳосиботи марбута тавассути комисиони марказии ҳамапурсии ин кишвар ироа шуда аст.

Бино бар суханони Эрлан Замонбоев, вазири дороии Қазоқистон давлат ахиран қатъномаи марбутаро тасвиб кард ва маблағи  лозимро аз будҷет ҷудо мешавад.

Ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосӣ дар Қазоқистон бо ибтикори Қосим Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии ин кишвар ва дар таърихи 5 июни имсол баргузор ва 30 банд аз қонуни асосиро дар бар хоҳад гирифт.

Мутобиқ бо ислоҳоти оянда, ихтиёроти раиси ҷумҳур коҳиш меёбад, нақши парлумон ва шӯроҳҳои маҳаллӣ ба мизони қобили таваҷуҳ тақвият ва ҳавзаи ҳуқуқи башар таҳким ва додгоҳи қонуни асосӣ дубора эҷод ва ҳамчунин ҳукми эъдом мамнуъ хоҳад шуд.

 

Барчасп