Барномаи Қирғизистон барои эъзоми нерӯи кор ба Аврупо
Намояндаи вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар дидор бо ҳамтои Фенландии худ аз омомдагӣ барои эъзоми муҳоҷирони кори хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс ройзаниҳо байни Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон ва Вазорати умури хориҷаи Фенланд дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардустона дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.
Дар ин нишаст Руслан Бекбултов, раиси идораи суввуми сиёсии вазорати умури хориҷа, раёсати ҳайати Қирғизистон ва Морҷон Ливоло, мудири кули ҳамкори бо Русия, Аврупои шарқи ва Осиёи Марказии вазорати умури хориҷаи Фенланд раёсати ҳайати ин кишвар буданд.
Ҳарду тараф дар заминаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтсиодӣ мақомот дар мавриди ташкили маҷомеъи тиҷорати муштарак ва ҳамчунин иҷрои тарҳҳои сармоягузори дар Қирғизистон гуфтугӯ шуд.
Бекбултов дар идома бо ишора ба ин ки Қирғизистон таваҷуҳи махсус ба эҷоди шуғл барои шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ дорад ба ҳамкори бо Фенланд ишора кард.