Бозгашти 7 нафар аз шахсиятҳои илмӣ ба Афғонистон
Дар идомаи фаъолияти камисиони тамос барои бозгашти шахсиятҳои афғон, 7 нафар аз нерӯҳои илмии Афғонистон ба кишварашон бозгаштанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шаҳобиддин Диловар, раиси камисиони тамос бо шахсияҳои афғон бо 7 нафар аз чеҳарҳои мутахассиси ин кишвар пас аз бозгашти онҳо ба Афғонистон дидор кард.
Анъомуллоҳ Самангонӣ, муъовини сухангӯи Толибон изҳор дошт, ки шахсиятҳо пас аз солҳо дури аз Афғонистон ба ин кишвар бозгашта ва дар фурудгоҳи Кобул мавриди истиқболи мақомоти ҳайати ҳокима қарор гирифтанд.
Самангонӣ афзуд: Ин шахсияҳо ҳадаф аз бозгашти худро ҳамкрори бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон дар ростои ҳукуматдории хуб барои мардум донистанд.
Камисиони бозгашт ва иртибот бо хашсиятҳои Афғонистон 25 исфандмоҳи соли гузашта дар пайи тасмими кобинаи Толибон ба раёсати Шаҳобуддин Диловар эҷод шуд ва Амирхони Муттақӣ, Хайруллоҳ Хайрхоҳ, Абдулҳаққи Васиқ, Муҳаммадхолиди Ҳанафӣ, Қори Фасҳиддин ва Муҳамаданаси Ҳақонӣ аз дигар аъзои ин комисион ҳастанд.