Июн 06, 2022 16:41 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи Баҳори нав дар Кобул
    Намоишгоҳи Баҳори нав дар Кобул

Намоишгоҳи байналмиллалии Баҳори нав дар Кобул ифтитоҳ шуд.

Ҳусейни Шерзодӣ, ройзани сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул дар ифтитоҳи намоишгоҳи байналмиллалии Баҳори нав гуфт: Эрон омодаи ҳамкори барои пешрафт ва тавсеаи иқтисодии Афғонистон аст.

Шерзодӣ ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳи байналмиллалии Баҳор нав гуфт: Ҳузури чанд даҳҳа муҳоҷирони афғон дар Эрон ва шинохти хадамот ва муҳсулоти эронӣ беҳтарин зарфият барои истифода аз ин муҳсалот дар Афғонистон аст.

Ройзани иқтисодии сафорати Эрон дар Кобул таъкид кард рафту омади муҳоҷирони Афғонистон ба Эрон ва ошноӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти саноатии эронӣ истифода ва ба коргирии онҳо барои афғонҳо роҳат аст ва хоҳишманди хариди ин маҳсулот ҳастанд.

Ройзани иқтисодии сафорати Эрон дар Кобул ҳамчунин хотирнишон кард, Эрон омодаги дорад маводи авалия ва мавриди ниёзи бахши саноати ва иқтисодии Афғонистонро таъмин кунад ва бо ҳамкории худ барои тавсеаи саноати Афғонистон идома хоҳад дод.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар канори мардуми Афғонистон буд ва дар шароити сахт аз онҳо ҳимоят карда аст. Бо шуруъи даврони ҷадиди сиёсӣ дар Афғонистон, Эрон аз ҳеҷ кумаки ба мардуми Афғонистон дареғ накарда ва ҳамзамон ба ҳамкории худ бо давлати Толибон барои тавсеаи иқтисодӣ дар сояи амният идома дода аст.

 

Барчасп