Омилҳои ҷазби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи ДИИШ дар Русия
Коршиноси руси масоили Осиёи марказӣ бекориву фақр, фишор ба мусулмонон дар Тоҷикистон ва авзои нобасомони молӣ ва ҳуқуқи коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русияро аз амилҳои асосии пайвастани ин афрод ба сафи ДИИШ унвон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “Фарғона.ру”, Андрей Захватов дар таҳлиле таъкид кардааст, ки мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Краснодар, Красноярск, Новосибирск, Челябинск, Екатеринбург, Саратов ва Кемерова ба думболи ҷавонони тоҷики ҷӯёи кор мегарданд , ки аз дониши саҳеҳи исломӣ бархурдор нестанд ё кори муносибе надоранд, маоши ночизе дарёфт мекунанд ва ё муддатҳост аз корфармоёни худ маош нагирифтаанд.
Захватов гуфт, мубаллиғони ДИИШ барои ҷазби коргарони ҷавони муҳоҷири тоҷик дар Русия фишорҳои ҳукумати Тоҷикистон ба мусулмонони ин кишвар дар заминаи бастани масҷидҳо, мамнуияти вуруди бонувон ва писарони навҷавон ба масоҷид, мамнуияти ҳиҷоб, набуди омӯзишҳои исломӣ ва мушкилоти ин афрод дар Русияро ба онон ёдоварӣ ва аз онон даъват мекунанд, ки ба Сурия бираванд.
Вай ёдовар шуд, ки мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ҳатто дар мавориде муваффақ мешаванд, ки заминаи эъзоми ин афродро бо хонаводаҳояшон ба Сурия фароҳам кунанд.
Ин таҳлилгари рус афзуд, мубаллиғони ДИИШ бо нишон додани филмҳои таблиғотии ин гурӯҳи террористӣ ба ҷавонони муҳоҷир, "биҳишт"-ро дар Сурия ва Ироқ ба намоиш мегузоранд то ин афроди ноогоҳро ба доми фиреби худ гирифтор кунанд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон муътақиданд, ки беш аз 90 дарсад аз шаҳрвандони ин кишвар, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, коргарони муҳоҷир дар Русия будаанд.