Дидори раисони навоҳии Исфара ва Ботканд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i87470-Дидори_раисони_навоҳии_Исфара_ва_Ботканд
Дар дидори охири раисони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 3 мавзуи мавриди ихтилофоти марзӣ баррасӣ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2022 05:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони навоҳии Исфара ва Ботканд

Дар дидори охири раисони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 3 мавзуи мавриди ихтилофоти марзӣ баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи “АКИ Пресс”, Баҳоуддин Баҳодурзода ва Учқун Ҷурабоев дар ин дидор, ки дар рустои марзии Оқсой баргузор шуд, дар бораи танишҳои ахири марзӣ ва зарурати поён додан ба даргирӣ миёни низомиён ва сокинони манотиқи мавриди ихтилоф гуфтугӯ карданд.

Онон таъкид кардаанд, ки барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ зарурати ҳалли 3 мавзуъ муҳим аст.

Таваққуфи ҳар навъ сохтусоз дар манотиқи аломатгузоринашудаи марзӣ, надодани баҳона ба дасти афроде, ки дар пайи танишофаринӣ дар марзи муштараки ҳастанд ва таъйини масирҳои гаштзании неруҳои марзбонӣ аз муҳимтарин масоили матраҳшуда дар ин дидор буд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то ба ҳол фақат бар сари аломатгузории 580 километр тавофуқ шудааст.