Коҳиши 500 миллиондолларии захоири тилло дар Узбекистон
Бонки марказии Узбекистон эълом кард, захоири тиллои ин кишвар дар сатҳи 35 миллиарду 400 миллиондоллар қарор гирифтааст.
Узбекистон аз лиҳози захоири тилло дар байни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 17-ум қарор дорад. Корхонаҷоти зубоҳани Навоӣ ва Олмалиқ тавлидкунандагони тилло дар Узбекистон ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси эъломи Бонки марказии Узбекистон ин рақами нисбат ба моҳи май 497 миллиону 100 ҳазор доллар камтар аст.
Пештар Шӯрои ҷаҳонии тиллои (World Gold Council) дар гузорише эълом кард, Узбекистон дар моҳи феврали соли 2022 аз лиҳози фуруши тилло дар ҷаҳон мақоми аввалро касб кардааст.
Узбекистон барои иктишофи захоири тиллои ҷадид барои солҳои 2020 то 2024 - 230 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.