Таҳлил: Баргузории шашумин нишасти сарони Хазар дар Ишқобод
Пас аз яксоли вақфа, саранҷом шашумин нишасти сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар бо ҳузури сарони панҷ кишвари соҳилӣ баъд аз зуҳри чаҳоршанбе дар Ишқобод (пойтахти Туркманистон) оғоз ба кор кард.
Пеш аз ин муқарар шуда буд, шашумин нишасти сарони кишварҳои соҳилии Хазар дар соли гузаштаи милодӣ дар Ишқобод баргузор шавад. Аммо нигаронӣ аз шуюи вируси хатарноки корона ва вуҷуди маҳдудиятҳо дар кишварҳои минтақа, муҷиб шуд баргузории шашумин нишасти сарони Хазар ба соли 2022 милодӣ мавкул шавад.
Нишасти сарони кишварҳои соҳилии Хазар нахустин бор бинобар пешниҳоди Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури собиқи Туркманистон ва бо ҳадафи мушаххас кардани режими ҳуқуқии ҷадиди дарёи Хазар ва бо ҳузури раисони ҷумҳурии панҷ кишвари соҳилии Хазар дар моҳи майи соли 2002 дар Ишқобод баргузор шуд. Даври дувуми ин нишастҳо низ дар моҳи ноябри соли 2007 дар Теҳрон, баргузор шуд.
Дар миёни панҷ кишвари соҳилии дарёи Хазар (Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия, Қазоқистон, Туркманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон), бадеҳист, ки Эрон ба унвони яке аз муҳимтарин кишварҳои минтақа ва ба унвони калидитарин масири дастрасии Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба обҳои гарму озоди байналмилалӣ ва билъакс матраҳ аст.
Эрон дар олитарин сатҳ дар нишасти Ишқобод мушорикат кард. Оятуллоҳ Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе (29 июн) дар раъси як ҳайати олирутба аз мақомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ширкат дар нишасти сарони Хазар, вориди Туркманистон шуд.
Дар ҳамин замина, рӯзномаи расмии давлати Ишқобод "Туркманистони имрӯз", бо интишори гузорише аз нишасти сарони Хазар, навишт: Шашумин иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар 20 сол пас аз нахустин иҷлос, гоми муҳимме дар ҷиҳати тақвияти гуфтугуҳои созанда миёни кишварҳо ва миллатҳои соҳилӣ хоҳад буд, ки ба таври суннатӣ бо пайвандҳои дустӣ, дарки мутақобилу мушорикати ҳамроҳ бо эътимоди мутақобил пайванд хӯрдааст.
Пеш аз ин, нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари соҳилии хазар дар Ишқобод баргузор шуд. Нишастҳои Шӯрои вазирони умури хориҷаи Хазар, ки муқаддамаи нишасти сарон талаққӣ мешавад ва мусавваботи он ба нишасти сарон ирҷоъ дода мешавад, рӯзи 28 июн дар заминаҳои тиҷорат ва транзит, ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи энержӣ ва масоили муҳити зист тавофуқоти созандае ба амал овард. Бадеҳист, ки сарони Хазар низ гуфтугуҳои худро бар ҳамин се мавзӯ мутамарказ кунанд. Тардиде нест, ки ҳифзи муҳити зист ва экосистемаҳои ҳайвонот ва набототи дарёи Хазар барои давлатҳо ва миллатҳои ҳошияи он бисёр ҳоизи аҳаммият аст.
Бар асоси охирин оморҳои мунташир шуда, беш аз 15 миллион тан аз муҷмӯи миллатҳои соҳилӣ аз тариқи дарёи Хазар иртизоқ мекунанд. Ба ҳамин далел аст, ки таваҷҷуҳ ба масоили зистмуҳитӣ метавонад нахустин авлавияти кишварҳои соҳилӣ, талаққӣ шавад.
Дар айни ҳол, бояд гуфт, бахши умдае аз захоири нафту гази ду кишвари ҳошияи Хазар шомили Қазоқистону Ҷумҳурии Озарбойҷон дар дарёи Хазар воқеъ шудааст. Ин ду кишвар нафту гази зиёде барои истихроҷ дар хушкӣ надоранд ва ба ночор маҷбур ҳастанд, ба манзури таъмини ниёзҳои пулӣ ва молии худ, дар ин замина фаъолият дошта бошанд. Тардиде нест, ки наметавон аз ин ду кишвар интизор дошт, ки аз манобеи нафту гази худ дар дарёи Хазар, сарфи назар кунанд. Аммо нишасти Ишқиобод фурсати муносибе аст то сарони Хазар дар заминаи масоили зистмуҳитӣ тавофуқномаҳои муҳими ҷадиде имзо кунанд. Зеро тавофуқномаҳои пешин дар заминаи масоили зист муҳитии Хазар тақрибан бо бе таваҷҷуҳии бархе аз давлатҳои соҳилӣ б вижаи Ҷумҳурии Озарбойҷону Қазоқистон мувоҷеҳ шудааст.
Дар ин иртибот, хонум Комила Носирова, коршиноси маркази илмӣ - корбурдии "Кейс Экология" воқеъ дар Алмаатои Қазоқистон гуфтааст: "Ин ҳақиқатро набояд фаромуш кард, ки нафти бахши шимолии дарёи Хазар шомили бахши қазоқистонӣ ва русӣ дорои маводи саммии бештаре аст, ки нашти он барои муҳити зисти ин паҳнаи обӣ, хатароти ҷуброннопазире дар пай хоҳад дошт".
Ин дар ҳоле аст, ки мутолиот нишон медиҳанд, ки дарёи Хазар, захоири фаровони анвоъи моҳӣ шомили 130 гунаи ҷонварӣ дар ихтиёр дорад. Дар зимн 90 дарсади ниёзҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ховиёр аз дарёи Хазар таъмин мешавад. Арзиши ин захоири 500 миллиард доллар дар сол баровард шудаанд.
Нуктаи қобили тааммул дар ин замина ин воқеият аст, ки захоири нафту гази табиӣ пас аз 30 ё 50 сол поён меёбанд. Аммо захоири моҳӣ дар сурати мурооти муқаррароти зист муҳитӣ ва ҳимоят аз гунаҳои ҷонварӣ, ҳазорон сол қобили истифода хоҳанд буд. Ба ҳамин далел аст, ки бисёре аз соҳибназарони муҳитизистӣ, имзои тавофуқномаҳои зист муҳитӣ дар заминаи дарёи Хазарро бисёр муҳимтар аз имзои тавофуқномаҳое медонанд, ки дар натиҷаи он, кишварҳои бегона бо сарфи андаке пул, экосистемаи арзишманд ва муҳит зисти ҷонварӣ ва гиёҳии дарёи Хазарро як гом ба нобудии комил наздиктар месозанд.
Бештар бихонед: