Қирғизистон мизбони нишасти раисони хадамоти роҳи оҳани Осиё-Уқёнусия
Шаҳри Чулпон Оти Қирғизистон мизбони нишаст бо ҳузури раисони хадамоти роҳи оҳани Осиё-Уқёнусия бо ҳадафи густариши ҳамлу нақли бор буд.
Ба гузориши хабаргузории Фоср, меҳвари аслии ин нишаст тавсеаи ҳамлу нақли роҳи оҳан дар кишварҳои минтақаи Осиё-Уқёнусия ва ояндаи масирҳои чандваҷҳи байналмиллалӣ ва густариши ҳамлу нақли бор аст. Дар ин маросим раисон ва намояндагони идораҳои роҳи оҳани Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Гурҷистон, Туркия ва ширкати лоҷестикии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур доштанд.
Ҳасан Пежвок, мудиромили ширкати ҳамлу нақли Туркия гуфт: Мо талоши зиёди мекунем то хати Тифлис-Карс ва каридори миёни, ки ба номи ҷодаи Абрешами оҳанин ба тиҷорати ҷаҳони кумак мекунадро роҳандози кунем.
Азамат Сакиев, раиси роҳи оҳани Қирғизистон низ бар аҳамияти ин руйдод, ки доманаи ҳамлу нақли бор дар кишварҳои минтақаи Осиё-Уқёнусияро густариш медиҳад таъкид карду гуфт: Чунин нишастҳои солона нишон медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони як платформи муассир барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуд ва тақвияти таъмул байни хадамоти роҳи оҳан, ширкатҳои лоҷестик амал мекунанд.
Ширкаткунандагон дар ин нишаст ҳамчунин дар мавриди натиҷаҳои иҷроӣ тарҳи байналмиллалии масири чандваҷҳи, ки ҳамлу нақли ҷодаӣ ва роҳи оҳанро дар кишварҳои минтақаи Осиё-Уёнусия фароҳам мекунад, баҳсу гуфтугӯ карданд, ки дар натиҷаи он шартнома имзо шуд, ки мунакис кунандаи иқдомот барои тавсеаи бештари масири чандваҷҳӣ кишвари Осиё-Уқёнусия-Чин-Қирғизистон-Узбакистон-Туркманистон-Ҷумҳурии Озарбойҷон-Гурҷистон-Туркия ва Аврупо аст.