Июл 06, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Бозгашти оромиш ба ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон

Пас аз чанд рӯз нооромӣ ва даргирӣ саранҷом оромиш ба ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон бозгашт ва мақомоти давлати Тошканд вазъияти дохилии Узбакистонро ором ва оддӣ эълом карданд.

Дар тӯли чанд рӯзи гузашта давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин ба унвони ҳамсоягони Узбакистон аз сиёсатҳои давлати Тошканд ҳимоят карданд ва аз муътаризон хостанд барои бозгашти оромиш ба ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон бо давлат ҳамкорӣ кунанд.

Дар охирин маврид аз ҳимоятҳои кишварҳои ҳамсояи Узбакистон, давлати Чин низ мавозеи расмии худро эълом кард. Бар асоси изҳороти сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, ин кишвар ба унвони ҳамсоя, дӯст ва шарики стратегии Узбакистон, аз давлати Тошканд барои ҳифзи суботи миллӣ ҳимоят мекунад ва муътақид аст, ки ин кишвар таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев оромиш ва ваҳдатро ҳифз хоҳад кард.

Тардиде нест, ки ҳимоятҳои кишварҳои ҳамсояи Узбакистон дар заминаи бозгашти оромиш ба ин кишвар таъсиргузор буд, аммо ҷудоиталабӣ аз мушкилоти ҳамаи ҷумҳуриҳои вобаста ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ шароите монанди минтақаи Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупоӣ Шарқӣ ва Марказӣ аст ва кишварҳои воқеъ дар ин минтақаҳо бо мушкилоти ношӣ аз таҷзияталабӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Ба ҳамин далел аст, ки ҳимоятҳои кишварҳои ҳамсояи Узбакистон илова бар равобити дӯстона ба давлати Тошканд, аз нигарониҳои давлатҳои ҳомӣ низ ношӣ мешавад.

Дар ҳамин иртибот Даврон Ҷумъаниёзов, сухангӯи Горди миллии Узбакистон вазъияти минтақаи  Қароқплпоқистони ин кишварро оддӣ эълом кард ва гуфт: Тамоми коркунони фурӯшгоҳҳо, нонвоиҳо, бонкҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва бемористонҳо дар минтақаи Қароқалпоқистон ба сари кори худ бозгаштанд ва обу сӯхту газ тибқи риволи маъмулӣ дар ихтиёри мардум қарор гирифта ва вазъият дар ҳолати оддӣ баргаштааст.

Эътирозоти мардум дар Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон аз рӯзи ҷумъа оғоз шуд ва дар ҷараёни ин эътирозҳо, ки ба даргирӣ бо полиси Узбакистон низ мунҷар шуд, 18 нафар кушта ва 243 нафар захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон ба маркази шаҳри Нуқус дар шимоли ғарбии Узбакистон воқеъ шудааст. Мардуми ин ҷумҳурии худмухтор дар эътироз ба пешнависи Қонуни асосии Узбакистон тазоҳуроти зиддидавлатӣ баргузор карданд.

Дар Қонуни асосии Узбакистон ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон ба унвони қаламрави мустақил дар даруни ҳокимияти Узбакистон аст, ки метавонад бо баргузории ҳамапурсӣ истиқлолияти худро аз давлати марказии Узбакистон эълом кунад. Ин ҷумҳурӣ парчам, намодҳои миллӣ, суруд, қонуни асосӣ ва давлати махсус ба худро дорад. Раиси ҷумҳурии ин минатақа, раиси Шурои олӣ ва маҷлиси ин ҷумҳурӣ қаламдод мешавад, аммо пул ва арзи роиҷ дар Узбакистон дар ин ҷумҳурии худмухтор ривоҷ дорад. Раиси давлат, раиси Шурои вазирони ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон аст.

Бар асоси Қонуни асосии Узбакистон, ки нахустин бор дар даҳаи 1920 ба тасвиб расид, асли ҳуқуқи таъйини сарнавишти миллатҳо барои сокинони минтақаи Қароқалпоқистон пешбинӣ шуда буд, аммо бар асоси нусхаи ҷадиди Қонуни асосии Узбакистон, ки қарор аст ҳамапурсии ислоҳот ва тағйироти муртабит бо он дар моҳҳои оянда баргузор ва тағйирот дар он эҷод шавад, дигар ишорае ба ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳо ё ҳокимияти мустақил ё ҳаққи ҷудоӣ барои минтақаи худмухтори Қароқалпоқистон дар назар гирифта нашудааст. Дар воқеъ ин асл аз матни пешнависи Қонуни асосии ҷадиди Узбакистон ҳазф шудааст. Ба ҳамин далел сокинони ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон дар шаҳри Нуқус тазоҳуроти зиддидавлатӣ баргузор карданд. Ба дунболи ин тазоҳуроти хунин Вазорати дохилии Узбакистон эълом кард: Тазоҳуроти мардумӣ дар ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон натиҷаи каҷфаҳмӣ аз мафоди тағйироти мавриди назар дар пешнависи Қонуни асосии Узбакистон сурат гирифтааст.

Шавкат Мизиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон ҳам  дар ин иртибот гуфт: Ин тарҳи қонун, ки барои баҳсу баррасӣ дар ихтиёри мардуми қарор гирифта, ҳанӯз тасвиб нашудааст ва бар асоси хостаҳо, пешниҳодот ва назароти шаҳрвандон такмил хоҳад шуд. 

Изҳороти раиси ҷумҳурии Узбакистон дар ҳоле аст, ки бо тавваҷуҳ ба ҷамъияти камтар аз думиллионнафарии ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон, баид аст, ки асли ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳо бори дигар ба Қонуни асосии Узбакистон бозгардад. Бахусус, ки бар асоси оморгирии соли 2021 мелодӣ  ҷамъияти Узбакистон наздик ба 35 миллион нафари эълом шудааст. Табиист, ки дар сурати ҳазфи банди марбут ба ҳаққи таъйини сарнавишти миллатҳо, бо фарзи орои манфии ҳамаи аҳолии ин ҷумҳурии худмухтор, боз ҳам қонуни асосии ин кишвар бо назари давлати Тошканд ислоҳ хоҳад шуд.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз бурузи буҳрон дар Узбакистон, набояд аз нақши фаъоли бархе аз давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ва Англия ва кумаки як кишвари минтақа ғофил шуд. Ба назар мерасад, мушобеҳи Узбакистон, ин даста аз кишварҳо дар заминаи таҳрики сокинони ҷумҳурии Қароқалпоқистон ифои нақш дошта ва барои ба ошӯб кашондани эътирози мардумӣ талоши музоафе ба кор гирифтаанд. 

 

Бештар бихонед: