Ради хабари дидори Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон бо Толибон дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 09 Jul 2022 08:57:04 GMT )
Июл 09, 2022 13:57 Asia/Dushanbe
  • Толибон хостори тадовуми қудрати номашрӯъи хеш аз тариқи роҳи зӯр аст
    Толибон хостори тадовуми қудрати номашрӯъи хеш аз тариқи роҳи зӯр аст

Ҷабҳаи муқовимати милли бо интишори эъломияе баргузории нишасти фарогир бо намонядагони Толибон дар пойтахти Тоҷикистонро рад кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Қудс Онлайн, Спутники Тоҷикистон гузориш кард, бар асоси гузоришҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раёсатии Аҳмади Масъӯд бо раҳбарони Толибони Афғонистон дар Душанбе, Тоҷикистон дидор хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо интишори эъломияе дар сайти расмии ин ниҳод баргузории як нишасти фарогир бо намояндагони Толибон дар пойтахти Тоҷикистонро рад кард.

Хабаргузории Хома Нюз, пештар гузориш кард, таърихи баргузории ин нишаст ҳанӯз таъин нашудааст аммо 50 ширкат кунанда аз ҷумла намояндагоне аз азҳоби сиёсӣ, чеҳраҳои барҷаста ва равшанфикрони Афғонистон дар ин нишаст ҳузӯр хоҳанд дошт.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар сайти худ навиштааст дар ҳоле, ки ба поёни муъзали Афғонистон аз роҳи сулҳомез таъкид дорад аммо гурӯҳи Толибон ба қавли ин Ҷабҳа эътиқоде ба музокира ва сулҳ надошта ва хостори тадовуми қудрати номашрӯъи хеш аз тариқи роҳи зӯр аст.

Дар эъломияи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон омадааст дар ҳоле, ки дари гуфтугӯро нахоҳад баст, аммо бо тамоми тавони худ дар баробари зӯлм ва зӯргӯйи Толибон меҷанганд.

Эълом шуда буд, ки ҳадаф аз ин конфронс ҷустуҷуи роҳи ҳали сиёсӣ барои бӯҳрони кунӯни ва эҷоди як давлати фарогир буд, ки ҳамаи ҷиноҳои сиёсӣ дар Афғонистонро дар бар мегирад.

Дар ҳамин ҳол сафорати Афғонистон дар душанбе низ эълом кард, на ниҳодҳои расмӣ ва на намояндагони Ҷабҳаи муқовимати милии чунин иттилоотеро ба онҳо иттиллоъ надодаанд.