Июл 11, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  • Мавлави Мустафо Ҳошимӣ раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бағлон мебошад
    Мавлави Мустафо Ҳошимӣ раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бағлон мебошад

Ҳафориҳои ғайри муҷоз ва ғорати осори бостонии Афғонистон дар бархе манотиқи ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши Садои Хуросон, Мавлави Мустафо Ҳошимӣ раиси иттилоот ва фарҳанги вилояти Бағлон гуфт: Дар замони ҳукумати гузашта ва авоили ҳукумати феълӣ, бисёре аз ҳафорҳои  анҷомшуда дар ин минтақа тавассути фармондеҳони низомии маҳалӣ анҷом гирифтааст.

Ҳошимӣ бо ишора ба канданиҳои ғайри муҷоз дар минтақаи бостонии Чамкало дар давлатҳои гузашта ва масъулияти полис барои ҷилавгирӣ аз ин иқдомот гуфт, давлати мувақати Толибон воҳиди вижа барои ҳифозат аз манотиқи бостонӣ ташкил дода ва вазифаи ин органи ҷадид ҳифозат аз осори бостонии арзишмади Афғонистон аст.

Осори бостонии Бағлон мутаълиқ ба даврони Кушонӣ ва Сосонӣ аст, ки дорои арзиши таърхии зиёде барои Афғонистон аст.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон ҳафориҳои ғайр муҷоз илова бар Бағлон дар соири ин кишвар аз ҷумла Бомиён идома дорад.

 

Барчасп