Июл 15, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Обу энержӣ - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистону Қазоқистон

Дар дидори вузарои энержии Тоҷикистону Қазоқистон бар алоқамандии ду тараф ба тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи обу энержӣ таъкид шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар дидори Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон бо Болат Оқчулаков, вазири энержии Қазоқистон, ки дар ҳошияи шастумин нишасти Шӯрои энержии барқи кишварҳои ИДМ дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд, бар алоқамандии ду тараф ба тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаи обу энержӣ таъкид шуд.

Ҷумъа ва Оқчулаков дар хусуси вазъияти мавҷуд ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар заминаи обу энержӣ гуфтугӯ ва табодули назар карданд. Дар ин росто, иҷрои пружаҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон муҳим арзёбӣ шуд.

Ду тараф ҳамчунин мавзуоти марбут ба тавсеаи энержии сабз бо тавваҷуҳ ба неругоҳҳои хурду миёнаи ​​дар ҳоли сохт дар Тоҷикистон, пайвастани ин кишвар ба системаи энержии воҳиди Осиёи Марказӣ, ташкили бозори минтақаӣ, тавлид, фароварӣ ва воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Барчасп