Пештозии Эрон дар тавлидоти илми ҳавзаи фановарии об
Раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фановарии ҷаҳони Ислом гуфт, Эрон дар тавлидоти ҳавзаи фановарии об рутбаи нахустро байни кишварҳои пешрави исломӣ ба худ ихтисос додааст.
Камбуди манобеъи об аз чолишҳои муҳимми қарни ҳозир аст ва дар манотиқе назири ғарби Осиё дар канори ихтилофоти таърихӣ, масъалаи об аз муҳиммтарин заминаҳои бурузи мунозиъот ва муноқишот маҳсуб мешавад.
Ба гузориши ИРНА, Сайид Аҳмади Фозилзода-раиси Муассисаи истинодӣ ва поиши илм ва фановарии ҷаҳони Ислом афзуд, бар асоси додаҳои пойгоҳи wos тавлидоти илмии Эрон дар бисёре ҳавзаҳои фановарии об, рутбаи аввалро дар байни кишварҳои пешрави исломӣ ба худ ихтисос додааст.
Ба гуфтаи Фозилзода , дар кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ва аз ҷумла Эрон, бо таваҷҷуҳ ба вежагиҳои иқлимӣ, ҳар гуна коҳиш ва ё навасон дар боришҳо, маҳдудиятҳои ҷиддии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар манобеъи об эҷод шуд, ки метавонад амнияти ғизоӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҳатто суботи сиёсӣ ва амниятии ин кишварҳоро таҳдид кунад ва ба баёни дигар мудирияти коромад ва беҳина дар ҷиҳати ҳифзи манобеъи оби кишварҳо гоме баланд дар ростои ҳифз ва бнҳбуди қудрати миллии онҳо арзёбӣ мешавад.