Азсаргирии даргирии Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон дар Панҷшери Афғонистон
Толибон ва неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳристони Шутул дар вилояти Панҷшер дубора даргир шуданд .
Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистони каме баъд аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар нимаи августи 2021 ба конуни таҷаммуъи мухолифони ин гуруҳ табдил шуд . Панҷшер охирин вилояте буд, ки ба контроли Толибон даромад, аммо ҳамчунон саҳнаи даргирии байни неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва неруҳои ин гуруҳ аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, даргириҳо ҳудуди соъати 10 рўзи шанбе бо ҳамлаи неруҳои Толибон ба мавозеъи Ҷабҳаи муқовимат дар шаҳристони Шутул оғоз шуд.
Ҳануз аз талафоти эҳтимолӣ аз ин даргириҳо гузорише мунташир нашудааст .
Панҷшер чанд рӯз пеш низ саҳнаи даргирии неруҳои Толибону Ҷабҳаи муқовимати миллӣ буд .
Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ дар ин даргирӣ 13 неруи Толибон дар камини неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба дом афтода ва кушта шуданд.