Июл 24, 2022 09:44 Asia/Dushanbe
  • Баррасии сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии Қирғизистону Озарбойҷон

Дар дидори сафири Қирғизистон дар Боку бо раиси ҳайати мудираи ожонси тавсеаи тиҷорати кучак ва мутавассити Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баҳс ва баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Усмон Алиев- сафири Қирғизистон дар Озарбойҷон бо Урҳон Муҳаммадов-раиси ҳайати мудираи ожонси тавсеаи тиҷорати кучаку мутавассити Озарбойҷон дидор кард.
Дар ин дидор мавзуъоти ҳамкории дуҷониба дар ҳавзаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Муҳаммадов бо ишора ба инки дар ҳоли ҳозир мавзӯи имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Қирғизистон дар ҳоли анҷом аст, хостори тавсеаи бештари равобити дуҷониба дар ҳавзаи иқтисодӣ шуд .
Алиев ба навбати худ аҳамияти ташдиди ҳамкорӣ дар заминаи касбу корҳои кучаку мутавассит​​ро ёдовар шуд ва пешниҳод дод дар чаҳорумин нишасти ояндаи ҳайати тиҷорӣ дар Боку дар мавриди ин мавзуъот табодули назар шавад .
Вай барномаҳои муштарак барои ифтитоҳи хонаи тиҷорати Қирғизистон дар Озарбойҷонро ба манзури тарвиҷи маҳсулоти ғизоӣ, кишоварзӣ, саноъатӣ ва ҳамчунин пушоку саноеъи нассоҷӣ дар Қирғизистонро матраҳ кард.
Тарафайн тавофуқ карданд, ки ба якдигар дар интишори иттилоот дар мавриди фазои сармоягузории ду кишвар ва пружаҳои ироашуда дар маҷмаъи тиҷорӣ, ки дар 20 апрели соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари расмии Содир Ҷабборов- раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба Боку баргузор шуд, кумак кунанд .

 

 

Барчасп