Сафари масъулони Толибон ба Узбакистон
(last modified Sun, 24 Jul 2022 11:05:23 GMT )
Июл 24, 2022 16:05 Asia/Dushanbe
  • Сафари масъулони Толибон ба Узбакистон
    Сафари масъулони Толибон ба Узбакистон

Вазири хориҷаи Афғонистон барои ширкат дар нишасти байналмиллалии Афғонистон бо ҳамроҳии як ҳайат озими Тошкент пойтахти Узбакистон шуд.

Узбакистон пеш аз ин эълом карда буд, ки ба зуди як нишасти байналмиллалиро дар иртибот бо Афғонистон мизбони хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузори Садои Афғон "Ово" қарор аст ин нишаст ба муддати се рӯз бо меҳварияти Афғонистон баргузор шавад.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки бо бовари бисёри аз коршиносон, таҷрубаи гузашта нишон дод, ки нишастҳои инчунини фоидаи чандони барои наҷоти Афғонистон аз буҳрон надоштааст.

Ба гуфтаи онҳо дар ин нишаст ниҳоятан масъалаи ба расмият шинохтани аз сӯи Афғонистон матраҳ хоҳад шуд, ки дар ҳоли ҳозир чунин омодагии дар сатҳи ҷаҳон вуҷуд надорад гузашта аз он кишварҳои минтақа ба вижа Узбакистон аз ноамниҳо ва ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон бештар нигарон ҳастанд ва ин нишаст асосан ранги амнияти хоҳад дошт.