Июл 28, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Қирғизистон мегуян тайи як соли ахир ду тараф бар сари аломатгузории 80 киламетр аз манотиқи мавриди ихтилоф тавофуқ карданд
    Мақомоти Қирғизистон мегуян тайи як соли ахир ду тараф бар сари аломатгузории 80 киламетр аз манотиқи мавриди ихтилоф тавофуқ карданд

Музокироти 5 рӯзаи коргурӯҳи муштарки марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон поён ёфт.

Музокироти 5 рӯзаи коргурӯҳи муштараки марзӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд бо таъкид бар идомаи даври баъдии гуфтугӯҳо дар Тоҷикистон ба поён расид.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз  сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон,  ҳадаф аз ин нишаст, ки пас  аз дидори ахири руасои ҷумҳӯри дукишвар дар Қирғизистон оғоз шуд,  ройзани дар бораи идомаи аломатгузории навоҳии марзӣ муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон унвон шудааст.

Мақомоти Қирғизистон мегуян тайи як соли ахир ду тараф бар сари аломатгузории 80 киламетр аз манотиқи мавриди ихтилоф тавофуқ карданд.

Пас аз ин Орифи Хоҷазода  раиси Кумитаи заминшиносии Тоҷикистон дар нишасти хабари дар Душанбе гуфта буд бо Қирғизистон бар сари аломатгузории 520  киламетр аз марзӣ муштарак 987 киламетрии дукишвар тавофуқ шудааст.