Баргузории нишасти масъулони маҳаллии давлати Толибон
(last modified Sun, 31 Jul 2022 03:52:21 GMT )
Июл 31, 2022 08:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти масъулони маҳаллии давлати Толибон

Масъулони маҳаллии давлати Толибон дар вилояти Дойкундӣ дар маркази Афғонистон, барои таъмини амнияти маросими муҳаррами ҳусайнӣ ( ъ ) нишастӣ баргузор карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин масъулон шанбе гуфтанд ба хотири таъмини амнияти беҳтари масоҷиду такяхонаҳо дар айёми муҳаррам нишасти муштарак бо масъулони амниятии ин вилоят баргузор карданд, то битавонанд амниятро дар дар айём комилан барқарор кунанд .
Ҳоҷи Толиб-сарпарасти вилояти Дойкундӣ гуфтар айёми муҳаррам тадобири амниятӣ дар ин вилоят иҷро хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон дар паёме аз мардуми ин кишвар хост то зимни баргузорӣ бошукуҳи маросими муҳаррами ҳусайнӣ ( ъ ) ба тавсияҳои амниятӣ тавваҷуҳ кунанд.
Гузоришҳо ҳокист ҳусайнияҳо,хеле аз масоҷид ва амокини умумӣ дар саросари Афғонистон сиёҳпӯш шудааст то азодорони ҳусайнӣ ( ъ ) бо ҳузури пуршӯри худ маросими азодории Сайиду солори шуҳадоро баргузор кунанд .
 

 

Барчасп