Афзоиши дубаробарии содироти ангиштсанги Қазоқистон ба Иттиҳоди Аврупо
Қазоқистон аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 1. 5 миллион тон ангиштсанг содир кард.
Агар дар моҳҳои январу феврал ҳаҷми содирот ҳудуди 140 - 200 ҳазор тон буд, баъд аз оғози даргирӣ дар Украина ҳар моҳ Қазоқистон ба Иттиҳоди Аврупо 300 - 400 ҳазор тон ангиштсанг содир мекунад.
Як сол қабл дар моҳҳои апрел ва май содироти ангиштсанги Қазоқистон ба Иттиҳоди Аврупо 60 - 70 ҳазор тон буд.
Ин амр бо омодагии Аврупо дар моҳи август бо канор гузоштани воридоти ангиштсанги Русия ва пайдо кардани ҷойгузини Маскав муртабит аст.
Бо ин ҳол бояд дар назар дошт, ки бахши умдаи ангиштсанги Қазоқистон аз тариқи дарё бо ҳамлунақл дар бандарҳои Русия ё кишварҳои Балтика ба Иттиҳоди Аврупо таҳвил дода мешавад.