Амалиёти паҳподии Покистон дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i89836-Амалиёти_паҳподии_Покистон_дар_Афғонистон
Фармондеҳи аршади гуруҳи Таҳрики Толибон дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаи паҳподии Покистон қарор гирифт ва кушта шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 14, 2022 08:55 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти паҳподии Покистон дар Афғонистон

Фармондеҳи аршади гуруҳи Таҳрики Толибон дар Афғонистон ҳадафи ҳамлаи паҳподии Покистон қарор гирифт ва кушта шуд .

Чандин давр аз музокироти гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон бо давлати ин кишвар ба мизбонии давлати муваққати Толибон дар Афғонистон бенатиҷа мондаву танишҳои низомии байни ду тараф ҳамчунон идома дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Покистон ба вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон як фармондеҳи аршади гуруҳи Таҳрики Толибон ба ҳамроҳи хонаводааш кушта шудааст .
Ба гуфта манобеи маҳаллӣ ин ҳамла рӯзи гузашта дар рӯстои Дҳавзи шаҳристони Ватапур анҷом гирифтааст .
Ҳувияти фармондеҳи кушташудаи Толибони покистонӣ то ҳануз фош нашудаву мақомоти маҳаллии Толибон дар Кунар ҳануз дар мавриди ин ҳамла изҳори назар накардаанд .