Кудакони афғон қурбониёнии сурхак
Бемории сурхак ба далели набуди имконоти беҳдошти дар вилояти Қандаҳори Афғонистон ҷони кудаконро мегирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба гуфтаи манобеъ аз бемористони дар Қандаҳор густариши бемории сурхак дар ин вилоят дар се моҳи гузашта ҷони 29 кидакро гирифта аст.
Муҳаммад Сидиқ, раиси бахши кудакони яке аз бемористонҳои Қандаҳор зимни эъломи ин омор афзуд: Дар се моҳи ахир 487 кудаки мубтало ба сурхак дар ин бемористон бистари шуданд.
Дар ҳоле, ки волидайн ҳатто қодир ба таъмини ғизои кофи барои фарзандони худ нестанд ин пизишки афғон далели афзоиши талафоти кудакони мубтало ба сурхакро худдори хонаводаҳо аз интиқоли фарзандонашон ба бемористон тавсиф карданд.
Созмони кумакрасонии исломӣ дирӯз зимни ҳушдор дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон хостори тағири руйкарди ҷаҳонӣ дар қиболи ин кишвар шуд.